Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Зарфи дарунхолӣ ғарқ намешавад
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 >>

Шеърхо дар васфи Ватан Точикистон

Тэги:шеър барои ватан | шерхо тоҷикистон | шеър дар васфи ватан | шеър дар васфи точикистон | шер барои ватан | шеърхои точики | шеърхои точики барои тоҷикистон | шер дар васфи сулху вахдати милли тоҷикистон | шеърхо дар васфи сулх | сулху ваҳдат | сулх | сулх | шеърхо дар васфи сулх | точи тоҷикистон | точикистон | шерхои ватан | точики шеърхо | шеърхо дар васфи тоҷикистон
Добавил:Admin (29.11.2017 / 21:17)
Рейтинг:rating 368 article (0)
Прочтений:98
Комментарии:0
Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,

Ба ҷуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.

Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,

Тамоми ҳастиям пайваста бо ту эё Ватан ҷонам..

**********

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,

Зи «майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.

Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,

Ки мо хурдем аз хони падарҳо.

Ватан – дилҷамъию озодии мост,

Ватан – хушбахтию ободии мост.

Ватан сар мешавад з-он остоне,

Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.

Ватан сар мешавад з-он пардабоме,

Ки парвозӣ шудему пар кушодем.

Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,

Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

*********

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

Тоҷикистон- мазҳари ман,

Cарзамини камзамин,

Ту саросар кӯҳсорӣ,

Ту саросар сангзорӣ,

Чунки фарзандони ту дар тули таърихи дароз

Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.

Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ

Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб

Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд.

Ҷумла дар кӯи ғариби хок гаштанд эй дареғ,

Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.

Ҳар куҷо рафтанд онон

Ё ба Макка ё Мадина,

Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,

Ё гуреза аз хама тазвину кина,

Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.

То агар рӯзе бимиранд аз қазо,

Дар ғариби бекасу беошно

Хоки ту бошад нишони охирин…

********

Зикри дили ман ҳамеша номи ватанаст,

Авроди забони ман каломи ватан аст.

Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,

Феҳристи китоби ман мароми ватан аст…

Тоҷикистон- мазҳари ман,
Cарзамини камзамин,
Ту саросар куҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷуи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Ҳар куҷо рафтанд махҷуру ғариб
Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андуҳ шуд.
Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.
Ҳар куҷо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,
Ё гуреза аз ҳама тазвину кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғарибӣ бекасу беошно
Хоки ту бошад нишони охирин.



Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,
Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.



Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,
Ба ҷуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,
Тамоми ҳастииям пайваста бо ту эй Ватан – ҷонам.


Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи “майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост.



Тоҷикистон – рӯшонистони дилам,
Аз таҷлили пур намоӣ манзилам.
Гавҳари чашми маро бахшоӣ нур,
З-офтобат ҷони ман созад ҳузур.
Дар сукути ту садоям, эй Ватан.
Бо таби ту ошноям, эй Ватан.
Дар заминат бо таманоҳои хеш,
Базри умедам ҳамесозам пареш.
Ояти меҳри туро орам ба ёд.
Ҷонамозам сабзаи хоки ту бод.
Вопасин аксе ки аз олам барам,
Акси ишқи бувад чашми сарам.
Эй Ватан, пайғамбару Мавлои ман,
Сураи меҳри ту дар лабҳои ман.
Қарз бошад ҳифзи ному нанги ту.
Бар ватандор ба рӯзи танги ту.
Тоҷикистон – файзи Яздонии ман.
Ман пур аз сарводаи рози туям,
Камтарин шоир зи Дарвозаи туям.



Гимни Тоҷикистон – Суруди миллӣ

Диёри арҷиманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонахо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷахони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!


Эҳтиром ба Ватан

Чи буи форам, эй дӯст, мерасад андар машоми мо,
Мароми табрикоти наврӯзи, дар ҳар каломи мо.

Ҳама андар Ватан, доранд ҷашни иди наврӯзӣ,
Вале афсус, дар ғурбад, бувад имрӯз мақоми мо.

Дар “интарнет” ки мо бо ҳамдигар табрик мегуем,
Аз оне, ки Ватан бошад умеди мо, мароми мо.

Ғариби куи дигар гаштаем имруз мо ёрон!
Тамасхур мекунанд, инҳо, ба ному эҳтироми мо.

Агар чанде, ки “Гастарбайтр”-он гуянд, чун моро!
Валекин дар Ватан, донанд қадру эҳтироми мо.

Ту, ки “Гастарбайтр”-он мегуиву “Ҷамшуду-Равшан” ҳам,
Аз он, ки зиндагӣ талх гаштааст, имрӯз ба коми мо.?!

Ту, эй аблаҳ намедонӣ, ки Тоҷик кисту, қадраш чист?!
Ҷахон бин, фахр дорад бо Синову бо Хайёми мо.

Ғарибӣ ё, ки ғурбат ин гуноҳе нест, эй дӯстон!
Чаро, пас мекунанд бад аблаҳон имрӯз номи мо.



ВАТАН

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гўшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тўфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рўдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур



СУЛХ БАХОРЕСТ, БАХОР ОВАРАД

Сулх бахорест, бахор оварад,
Равнақи шодиву барор оварад.
Сулх дихад шаршараи чуи об,
Сулх дихад хусни пур аз обутоб.

Оре, сулх мафхумест бузургу пуробураш, ифодакунандаи амният, осоиштагй, озодй, истиклолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулх тачассумгари шодиву нишот, хамдигарфахмй, озодихохиву ватандустист. Тавре шоири сулхчу Турсунзода гуфтаасг:
Сулх дар гул-гул шукуфтанхои чонон кишвар аст.
Дар шуои офтоби толеи бахру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумхои хуррам кудакон.
Сулх дар тасвири шоир асоси ободии хар кишвар ва манбаи хушбахтии хамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки хастию пояндагии сулх на танхо дар хастии давлату миллат, балки дар хастии хар як гулу гиёх ва тамоми чисмхои зинда кувваи олам эхсос мешавад. Сулх чун офтоби рахшон. бахори пуробуранг,
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 53

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru