Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ашёро баъд аз шикастан ва одаму ҳайвонро баъд аз мурдан ба қадраш мерасанд.
Библиотека | Книги / Китобхо
1 2 3 ... 36 >>

ДАСТУРАМАЛ ОИД БА ТАРТИБИ ПУР КАРДАНИ ДЕКЛАРАТСИЯИ БОРИ ГУМРУКӢ ВА ДЕКЛАРАТСИЯИ ТРАНЗИТӢ

Тэги:дастурамал оид ба тартиби пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитӣ | транзит | дастурамал
Добавил:Admin (25.11.2017 / 09:04)
Рейтинг:rating 363 article (0)
Прочтений:220
Комментарии:0
Бо фармоиши Сардори Хадамоти гумруки Дар Вазорати адлияи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон
№ 139 –р аз 28.08.2009 сол тасдиқ гардидааст таҳти № 556 аз 28.12.2009 сол
ба қайд гирифта шудааст

ДАСТУРАМАЛ
ОИД БА ТАРТИБИ ПУР КАРДАНИ ДЕКЛАРАТСИЯИ БОРИ ГУМРУКӢ ВА ДЕКЛАРАТСИЯИ ТРАНЗИТӢ


I. Муқаррароти умумӣ

1. Дастурамал оид ба пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитӣ (минбаъд – Дастурамал) дар асоси талаботи моддаҳои 63, 81 ва 124 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст.
2. Дастурамал қоидаи ба таври хаттӣ пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитиро (минбаъд – ДБГ) дар дастаҳои бланкаҳои ҷузъбандшудаи «Декларатсияи бори гумрукӣ/Декларатсияи транзитӣ (ТД1)» (минбаъд – дастаи ТД1), «Декларатсияи бори гумрукӣ /Декларатсияи транзитӣ (ТД3)» (минбаъд – дастаи ТД3), «Варақаи иловагӣ ба декларатсияи бори гумрукӣ /Декларатсияи транзитӣ (ТД2)» (минбаъд – дастаи ТД2), «Варақаи иловагӣ ба декларатсияи бори гумрукӣ /Декларатсияи транзитӣ (ТД4)» (минбаъд – дастаи ТД4) дар шакли муқарраргардида муайян мекунад.
3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, барои намудҳои алоҳидаи молҳо дар доираи салоҳиятҳои худ ҳуқуқи муайян намудани хусусиятҳои арзи маълумотҳоро дар декларатсияи бори гумрукӣ дорад.


II. Муқаррароти умумӣ, ки барои пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ вобаста мебошад

4. Ҳангоми декларатсия кардани молҳои ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда (воридшуда) дастаҳои ТД3 ва ТД4 истифода бурда мешаванд, вале нисбати молҳои аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда (содиршуда) дастаҳои ТД1 ва ТД2 ё ин ки дастаҳои ТД3 ва ТД4 истифода бурда мешаванд. Декларатсияи хаттии бори гумрукӣ бо истифодаи дастаҳои ТД1, ТД2, ТД3, ТД4 (минбаъд – ДБГ) пуркардашуда ва ба мақоми гумрук супоридашудаи ТД1 ва ТД3 ё ин ки дастаҳои пуркардашуда ва ба мақомоти гумрук супоридашудаи ТД1 ва ТД2 ё ТД3 ва ТД4 ҳисоб мешаванд.
5. Дар як ДБГ метавонад маълумот оид ба молҳое арз карда шаванд, ки ба як дастаи молҳо тааллуқ доранд ва таҳти як низоми гумрукӣ ҷойгир карда мешаванд.
Ҳамчун як дастаи (партияи) мол ҳисобида мешаванд:
а) ҳангоми ворид кардани мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
– молҳое, ки аз ҳамон як ирсолкунанда ба унвонии (суроѓаи) ҳамон як қабулкунанда дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ўҳдадориҳо аз рўи як шартнома, ки зимни муомилоти иқтисодии хориҷӣ (ё аз рўи як рухсатнома барои коркарди мол ҳангоми декларатсиякунонии маҳсулоти коркард), ё аз рўи муомилоти яктарафаи берунии иқтисодӣ, ё бидуни ягон муомилот интиқол дода шудаанд, инчунин агар мол дар ҳудуди мўҳлати бо моддаи 129 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда ба ҳамон як мақоми гумрук дар маҳалли расидан ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маҳалли оварда расонидани мол (агар расмиёти транзити дохилии гумрукӣ татбиқ шуда бошад) пешниҳод гардида ва мол муваққатан дар ҳамон як маҳалли нигоҳдорӣ бошад, агар нисбати мол расмиёти нигоҳдории муваққатӣ татбиқ шуда бошад ва ё агар мол дар мўҳлати тибқи моддаи 150 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди декларатсия муқарраргардида иҷозат дода шудааст;
б) ҳангоми содир намудани мол аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- молҳое, ки дар як вақт (ё тайи давраи муайяни вақт ҳангоми татбиқи декларатсиякунонии даврӣ ё даврии муваққатӣ) дар минтақаи фаъолияти ҳамон як мақоми гумрук аз ҷониби ҳамон як ирсолкунанда ба суроѓаи ҳамон як қабулкунанда берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта барои иҷрои ўҳдадориҳо аз рўи як шартномаи зимни муомилоти иқтисодии хориҷӣ басташуда (ё аз рўи рухсатнома барои коркард ҳангоми декларатсиякунонии маҳсулоти коркард), ё аз рўи муомилоти яктарафаи иқтисодӣ хориҷӣ, ё бидуни ягон муомилот интиқол дода мешавад.
в) ҳангоми интиқол тавассути нақлиёти қубурӣ ё хатти интиқоли барқ:
- молҳое, ки аз ҷониби ҳамон як шахс тайи давраи муайяни вақт барои иҷрои ўҳдадориҳо аз рўи як шартномаи зимни муомилоти иқтисоди хориҷӣ, ё аз рўи як чанд шартномаи тиҷорати хориҷӣ баста шуда (аз ҷумла аз рўи шартҳои мухталифи таҳвил, нархгузорӣ ва пардохт) зимни пешниҳоди ДБГ муваққатӣ интиқол дода мешавад;
г) ҳангоми таѓйир додан ё анҷом ёфтани низоми гумрукии қаблан арзшуда бидуни интиқоли мол тавассути қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- молҳое, ки таҳти ҳамон як низоми гумрукии қаблӣ ҷойгир карда шудааст, агар ҳангоми муомилоти иқтисодии хориҷӣ шартномаи дахлдор баста шуда бошад (ё аз рўи як рухсатнома барои коркарди мол), ки он мол таҳти назорати гумрукии ҳамон як мақоми гумрук қарор дорад, ё дар мўҳлати барои пешниҳоди декларатсия мутобиқи моддаи 150-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозат дода шуда, декларанти он ҳамон шахсе хоҳад буд, ки молро таҳти низоми гумрукии қаблӣ ҷойгир кардааст, ё шахсе, ки нисбати моли декларатсияшаванда пас аз ҷойгир кардани он таҳти низоми гумрукии қаблӣ ҳуқуқи молумулкиро соҳиб шудааст.
6. Агар молҳои дар як дастаи мол буда барои ҷойгир намудан таҳти низомҳои гумрукии гуногун арз шаванд, барои ҳар як низоми гумрукӣ бояд ДБГ алоҳида пешниҳод гардад. Ҳангоми декларатсиякунонии ҳар як намуди асъор ва қоѓазҳои қиматнок ДБГ алоҳида дода мешавад. Ҳангоми декларатсиякунонии асъори нақде, ки тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариду фуруши асъор дар дохили ҳавопаймоҳо, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳан ё дигар намудҳои нақлиёт (пули савдо ва асъори майда дар намуди банкнота ва танга) декларатсияи гумрукии давриро татбиқ намудан мумкин аст.
7. Дастаҳои ТД1 ё ТД3 барои арз кардани маълумот дар бораи як мол истифода мешавад.
Дар ин ҳолат ҳамчун як мол молҳои як номгўи (номгўи савдои тиҷоратӣ) дар як дастаи мол буда, ба як рамзи таснифотӣ аз рўи номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ИИАО) мансуб дар як кишвар ё дар қаламрави як иттиҳод ё иттифоқи иқтисодӣ истеҳсол шуда ё молҳои кишвари истеҳсолашон номаълуме, ки нисбати онҳо шартҳои якхелаи танзими тарифию гумрукӣ ва татбиқи мамнўияту маҳдудиятҳо, андозаи мизони боҷу андозҳо татбиқ мегардад, декларатсия карда мешавад.
8. Дастаҳои ТД2 ё ТД4 ҳамчун илова мувофиқан ба дастаҳои ТД1 ё ТД3 истифода мешаванд, агар дар як ДБГ маълумот дар бораи ду ва ё зиёда аз он намуди молҳо арз шавад.
Дар ҳар яке аз дастаҳои ТД2 ё ТД4 маълумотро дар бораи се намуд мол арз кардан мумкин аст. Миқдори дастаҳои зимни декларатсиякунонӣ истифодашавандаи ТД2 ё ТД4 маҳдуд карда намешавад.
9. Ҳангоми дар як ДБГ овардани молҳои номгўяшон гуногуни дастаи мол мавҷуд буда бо нишон додани рамзи таснифот аз рўи НМ ФИХ ИИАО ба ҷои дастаҳои ТД4 рўйхати молҳои дар се нусха барасмият даровардашуда (минбаъд - рўйхат) истифода бурда мешавад.
Дар рўйхат бояд маълумот дар бораи
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 36 >>
На главную
0 / 50

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru