Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дари касро бо мушт макуб, ки дари туро бо лагад хоҳанд куфт
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 21 >>

ТЕСТҲО АЗ ФАННИ КОДЕКСИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тэги:тестхои 2017 | тест бо чавоб | тестхо бо калидашон | тестхои точики | тести для сдачи первого рубежного контроля по предмету стратегический менеджмент | тестхо аз фанни забони англиси | тестхо аз фанни забони точики | тестхо барои дохилшави | тестхо аз фанни таърих ва хукук | тестхо аз фанни информатика | саволу чавоб аз фанни забони англиси | саволу чавоб аз фанни забони точики | саволхои тести аз фанни информатика | тестхои 2017 | тестхо барои дохилшави ба лонишгох | саволу чавоб | саволу чавоб ьо калид | тест бо калид | тестхои нихои | тестхои одди аз фанни | тестхо бо забони точики | тестхои ммт | тести идм | тест барои таёри | тестхои точикистон
Добавил:Admin (14.08.2017 / 13:52)
Рейтинг:rating 341 article (0)
Прочтений:347
Комментарии:0
ТЕСТҲО АЗ ФАННИ КОДЕКСИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар асоси кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзими гумрукӣ амалӣ карда мешавад?
а) Кодекси андози ҶТ
б) Кодекси гумрукии ҶТ
в) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
г) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд
2. Фаъолияти гумрукӣ ин маҷмўи усулҳо ва воситаҳои таъмини риояи:
а) тадбири танзими гумрукию тарифиро дар бар мегирад, ки мувофиқи қонунгузорӣ дар соҳаи танзими давлатии ФИХ вобаста бо интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ муқаррар шудааст.
б) мамнўият ва маҳдудиятҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи қонунгузорӣ дар соҳаи танзими давлатии ФИХ вобаста бо интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ муқаррар шудааст.
в) ҷавобҳо дурустанд
3. Роҳбарии умумии фаъолияти гумрукиро кӣ амалӣ наменамояд?
а) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
б) Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати ҶТ
в) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақсадҳои гумрукӣ ин:
а) Кумитаи андози ҶТ
б) Вазорати рушди иқтисод ва садои ҶТ
в) Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати ҶТ
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи танзими гумрукӣ барои кадом мақсадҳо иштирок менамояд?
а) ҳамоҳангсозӣ ва мутаносибии қонунгузорӣ ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва амалияи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ
б) ба даст овардани фоидаи зиёд аз амалигардонии муносибатҳои савдои байналхалқӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти кишвар
в) паст намудани сатҳи таваррум ва шуғли аҳолӣ ва баланд намудани сатҳи МУД – и кишвар
6. Мафҳуми қаламрави гумрукиро шарҳ диҳед.
а) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави ягонаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
б) қаламрави раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ қаламрави ягонаи гумрукиро ташкил медиҳад.
в) қаламрави анборҳои гумрукӣ, анборҳои нигоҳдории муваққатӣ қаламрави ягонаи гумрукиро ташкил медиҳад.
7. Оё метавонад дар қаламрави гумрукӣ минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгир бошад?
а) ҳа, метавонад б) не, наметавонад в) ҷавоби дуруст нест
8. Оё минтақаи озоди иқтисодӣ қисми минтақаи гумрукӣ ба ҳисоб меравад?
а) қисми минтақаи гумрукӣ набуда, моли дар онҷо ҷойгиршуда ҳамчун моли дар қаламрави гумрукӣ ҷойгиршуда ба ҳисоб мераванд
б) қисми минтақаи гумрукӣ буда, моли дар онҷо ҷойгиршуда ҳамчун моли берун аз қаламрави гумрукӣ ҷойгиршуда ба ҳисоб мераванд
в) минтақаи назорати гумрукӣ буда, моли дар онҷо ҷойгиршуда ҳамчун моли дар қаламрави гумрукӣ ҷойгиршуда ба ҳисоб мераванд
9. Молҳое, ки дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгир шудаанд, чӣ гуна мол мебошад?
а) барои мақсадҳои гумрукӣ, моли хориҷӣ ба ҳисоб меравад
б) барои мақсадҳои гумрукӣ моли ватанӣ ба ҳисоб меравад
в) барои мақсадҳои гумрукӣ мол таҳти назорати гумрукӣ қарордошта ба ҳисоб меравад
10. Мафҳуми сарҳади гумрукиро шарҳ диҳед.
а) доираи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарҳади гумрукии ҶТ ташкил медиҳад
б) қаламрави ягонаи давлатии ҶТ сарҳади гумрукии ҶТ ташкил медиҳад
в) доираи қаламрави дидбонгоҳҳои гумрукӣ, гумрукҳо сарҳади гумрукии ҶТ ташкил медиҳад
МАВЗӮИ 2. САНАДҲОИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

11. Кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии фаъолияти гумрукиро ташкил медиҳад?
а) Конститутсияи ҶТ, Кодекси гумрукии ҶТ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҶТ
б) Низомномаи СММ, Низомномаи ИДМ, Низомномаи ЮНКТАД, Низомномаи СҲШ, Низомномаи ГРИНПИС ва Салиби Сурх
в) Кодекси гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ, Тарифи ягонаи гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ ва дигар санадҳое, ки Комиссияи Иттиҳоди гумрукӣ қабул мекунад
12. Яке аз муносибате, ки қонунгузории гумрукӣ ба танзим медарорад, зерин мебошад:
а) муносибатҳои вобаста ба истеҳсолоти молҳои кишоварзӣ
б) муносибатҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ
в) муносибатҳои вобаста ба андозбандии молҳои фурӯши чакана
13. Яке аз муносибате, ки қонунгузории гумрукӣ ба танзим медарорад, зерин мебошад:
а) муносибатҳои муқаррар намудани тартиби интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ
б) муносибатҳои муқаррар намудани тартиби интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз байни анборҳои иштирокчиёни ФИХ
в) муносибатҳои муқаррар намудани тартиби истифодаи молу воситаҳои нақлиёт дар қаламрави гумрукӣ
14. Яке аз муносибате, ки қонунгузории гумрукӣ ба танзим медарорад, зерин мебошад:
а) муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни тайёр намудани кадрҳои соҳаи гумрук ба миён меоянд
б) муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ ба миён меоянд
в) муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба миён меоянд
15. Яке аз муносибате, ки қонунгузории гумрукӣ ба танзим медарорад, зерин мебошад:
а) шикоят нисбати санади мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо
б) шикоят нисбати амали мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо
в) шикоят нисбати беамалии мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо
г) ҷавобҳо дурустанд
16. Яке аз муносибате, ки қонунгузории гумрукӣ ба танзим медарорад, зерин мебошад:
а) муносибатҳо оид ба муқаррар намудани низоми гумрукӣ
б) муносибатҳо оид ба татбиқи низоми гумрукӣ
в) ҷавобҳо дурустанд
17. Яке аз муносибате, ки қонунгузории гумрукӣ ба танзим медарорад, зерин мебошад:
а) муайян ва татбиқ намудани пардохтҳои гумрукӣ
б) тағйир додан ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ
в) ҷавобҳо дурустанд
18. Ҳангоми мавҷудияти ихтилофот байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҶТ, меъёри кадом санад татбиқ мегардад?

а) меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии дохилидавлатӣ татбиқ мегарданд
б) меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мегарданд
в) меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии минтақавӣ татбиқ мегарданд
19. Тартиби ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки дар онҳо санаи ҷорӣ намудан нишон дода нашудааст, шарҳ диҳед.
а) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки дар моҳи дуюм ва (ё) моҳи сеюми семоҳа расман нашр шудаанд, аз санаи 1 - уми моҳи аввали семоҳа,ки баъди семоҳаи нашр шудани онҳо фаро мерасад, эътибори қонунӣ пайдо мекунанд
б) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки дар моҳи якум ва (ё) моҳи дуюми семоҳа расман нашр шудаанд, аз санаи 1 - уми моҳи аввали семоҳа,ки баъди семоҳаи нашр шудани онҳо фаро мерасад, эътибори қонунӣ пайдо мекунанд
в) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки дар моҳи якум ва (ё) моҳи дуюми семоҳа расман нашр шудаанд, аз санаи 1 - уми моҳи дуюми семоҳа,ки баъди семоҳаи нашр шудани онҳо фаро мерасад, эътибори қонунӣ пайдо мекунанд
20. Тартиби ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки дар онҳо санаи ҷорӣ намудан нишон дода нашудааст, шарҳ диҳед.
а) агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар давоми моҳи чоруми семоҳа нашр шуда бошанд, онҳо аз рўзи дуюми моҳи дуюми семоҳаи баъд аз семоҳаи интишори расмии онҳо эътибори қонунӣ пайдо мекунанд
б) агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар давоми моҳи дуюм ва сеюми семоҳа нашр шуда бошанд, онҳо аз рўзи
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 21 >>
На главную
0 / 52

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru