Чинор (чанор) — ин дарахти машҳур аст, самараш кулӯлаи хорнок, баргаш паҳн. Мизоҷаш сард ва тар аст, мизоҷи самар ва пӯсти он бисер сард ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахпш он: баргашро пухта, нав ба нав гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад ва ба чашм рехта шудани моддаҳои тармизоҷ ва обравии чашмро манъ месозад; варамҳои сарди мулоим, варами зону ва варамҳои ҳар як узвро, ки бошад, таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои гармро низ дафъ мекунад. Барги тарашро наҷӯшонида кӯфта гузошта банд