Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
То вақте, ки дар дегат шӯрбо меҷӯшад, аз ту дида одами хуб нест.

Последняя активность

Форум | Омузиш маъводхои хониш/Учеба | Рефератхо
Поиск
  Матни-лексия-аз-Психология
iftihor9797 iftihor9797 [Off] [#] (16.10.2016 / 22:53)
Матни Лексия-Психология

Л е к с и я и 1.
Мукаддимаи психология (равоншиноси)
Максад: Дар бораи психология хамчун илм, конуниятхои асосии он маълумот додан, шинос намудан бо механизмхои зохиршави ва амалкунии психикаи одам, фахмондани даврахои асосии таърихи психология ва мавкеи он дар системаи илмхо. Маълумот додан дар бораи инкишофи психика дар олами хайвонот ва чамъияти инсони, фарки психикаи инсон ва хайвон.
Мафхуми асоси: психология, психика (рух) механизмхои психики, рефлексхо, системаи сигнали, системаи асаб, шуур, худ - шуурноки, тропизм, филогенез, онтогенез.

НАКША:
1.Психология хамчун фан.
2.Сохти системаи асаб ва рух.
3.Мавкеи психология дар системаи илмхо.
4.Сохт ва принсипхои асосии психология.
5.Пайдоиш ва инкишофи психика дар филогенез.
6.Шуур ва тавсифи психологии он.

«Психология» - аз калимаи юнонц гирифта шуда, «псюхе» - рух ва «логос» - таълимот аст.
Объектьои илмии омузиши фанни психология инхоянд:
1.Далелхои мушаххаси хаёти психики, ки микдоран ва сифатан ташхис карда мешаванд.
2.Конуниятхои психологи.
3.Маханизмхои фаъолияти психики (рух)
Умуман, объекти асосии омузиши фанни психология рух буда, психология хамчун фан конуниятхо, механизмхои инкишофи психики, чоришавии равандхои маърифати, холатхои эхсоси – иродави хусусиятхои инфиродии шахсро меомузад.

I. Сохти системаи асаб ва рух.
Рух махсули магзи сар, натичаи фаъолияти мураккаби он аст.
Чузъиёти асосии ситемаи асаб бофтахои асаб ва нейронхоанд. Вазифаи онхо аз гузаронидани хаячон иборат аст.

Кисмхои системаи асаб инхоанд:
1.системаи асаби перифери;
2.системаи асаби вегетативи;
3.системаи асаби маркази.

Системаи марказии асаб аз 2 кисм иборат аст:
1. Майнаи сар.
2. Хароммагз.

Кисмхои асосии майнаи сар - майнаи акиб, майнаи миёна, майнаи мобайни ва майнаи пеш мебошанд.
Кисмхои мухимтарини майнаи акиб, майнаи дарозруя ва майнача мебошанд.
Майнаи дарозруя давоми хароммагзи буда, хароммагзи дар ковокии сутунмухра чойгир шудааст.
Тамоми кисмхои майна бо хамдигар алокаманд буда, фаъолияти онхо психикаи хайвонхои оли ва одамро идора мекунанд.
Аз ин чо, психикаи хайвонот ва одамро чудо мекунанд.
Алока ва мавкеи психология дар системаи илмхо.
Психология дар системаи илмхо мавкеи мустахками худро дорад.
Он хамчун фанни мустакил бо фалсафа, табиатшиноси, пешрафти илми – техники, педагогика ва илмхои алока дорад ва онхо дар тараккиёту пешрафти илми психология сахми худро гузоштаанд.
II. Психология ва табиатшиноси.

Назарияхои табиатшиносон дар фахмиши механизмхои психикаи инсон пайдоиш ва ташаккули он мавкеи асосиро ишгол мекунанд.
Назарияи рефлектории И.М. Сеченов, таълимоти у дар бораи рефлексхои шарти ва коркарди минбаъдаи онхо аз тарафи шогирдонаш, инчунин тадкики ин назария аз тарафи А.А.Ухтомский, Н.А.Бернштейн, И.С.Берашвили, назарияи И.П.Павлов дар бораи системаи сигналхо асоси илмии донишхои психологиро гузоштанд.
Умуман, муваффакиятхо дар тадкики системаи мураккаби механизмхои физиологии фаъолияти психики натичаи алокаи психология бо фанхои табии аст.
Таълимоти эволютсионии Ч.Дарвин пайдоиш хам рафторхои инстинкти ва хам дар рафти хаёт ба амал ояндаро аз чихати илми асоснок карданд.
Психологияи тибби, ки дар натичаи тараккиёти фанхои психология ва тиб ташаккул ёфт, дастовардхои илми психологияро дар ташхиси беморон, сихатмандии омма ва пешгирии беморихо истифода мебаранд.

III. Шуур, сохтор ва тавсифи
психологии он.

Ру{ (психика) {амчун инъикоси {аrиrат дар майнаи сари одам якчанд дараxа (уровень) дорад.
Дараxаи олии психика шуур аст, ки чунин сохтору тавсифот дорад:
1.Шуур {амчун xамъбасти дониш{о дар бораи олами атроф.
2.Худшуурнокb (самосознание) – xудо карда тавонистани объект ва субъект. («Ман» ва «Ман не»)
3.Шуур {амчун воситаи ташаккул додани фаъолияти маrсадноки одам.
4.Шуур – ба тартиб овардани системаи муносибат{о.
Шарти асосии ба вуxудоb ва ташаккули шуур забон аст.
Дараxаи пасти шуур бешуурb аст.

IV. Сохт ва принсип{ои асосии
психологияи {озиразамон.
Сохтори психологияи {озиразамонро со{а{ои он ташкил меди{ад, ки аз рeи принсипи инкишофи психика дар фаъолият асосан чунин тавсиф дода мешавад:
1.Xихати психологии инкишоф.
2.Xихати психологии муносибати одам бо xамъият.
Принсип{ои асосии психологияи {озиразамон ин{оанд:
1.Принсипи детерминизм.
2.Принсипи ягонагии шуур ва фаъолият.
3.Принсипи инкишофи психика ва шуур дар фаъолият.

V. Метод{ои тадrиrотии психологияи
{озиразамон.
Метод{ои психологияи {озиразамонро ба 2 – гурe{ xудо мекунанд:
1.Усул{ои асосb:
а) мушо{ида
б) озмоиш (эксперимент)
2.Метод{ои ёрирасон:
а) сe{бат
б) пурсиш (анкета)
в) усули генетикb
г) тест
д) усули коркарди математики.

Пайдоиш ва инкишофи шуур дар филогенез.
Психика натичаи эволютсияи материя ба хисоб рафта, шаклхои психикии инъикос инхоанд:
1)хассосият
2)тропизмхо
3)шаклхои инстинктии рафтор
4)шаклхои рафтори инфироди ба даст омада
5)рафтори окилонаи хайвонот
6)муошират ва «забон»- и хайвонот
7)шуур
Омилхои асосии пайдоиши шуур инхоанд:
а) мухит (тагйиротхои табии)
б) мехнат (фаъолияти якчоя)


Саволхо барои мустахкамкуни:

1.Психология чиро меомузад?
2.Психика чист?
3.Системаи асаб аз кадом кисмхо иборат аст?
4.Хосияти рефлектории психика чист?
5.Дар бораи системаи сигнали маълумот дихед.
6.Вазифаи системаи марказии асабро нишон дихед.
7.Шуур чист?
8.Таркиби шуурро муайян кунед.
9.Дарачаи пасти шуур чист?
10.Принсипхои асосии психологияи хозиразамонро номбар кунед?
11.Сохти психологияи хозиразамонро кушода дихед.
12.Усулхои асосии фанни психологияро номбар кунед.
13.Усули тести психологиро шарх дихед.
14.Кадом шаклхои инкишофи психикаро медонед?
15.Омилхои асосии пайдоиши шуурро номбар кунед.


Л е к с и я и 2 - 3.
Шахсият, гурух ва чомеа.
Максад: Мохият ва мазмуни назарияхои гуногунро дар фахмиши фаъолнокии шахс кушода додан. Роххои ташаккулёбии шахсро нишон дода, сохту таркиби муносибатхои байнишахсиро дар гуруху чомеа муайян кардан.
Мафхумхои асоси: Шахс, фард (индивид), инфироди, фаъолноки ва равонагии шахс, талабот, вачх (мотив), шавку рагбат, чахонбини, гоя, дастур (установка), худшуурноки, худбаходихи, гурух, чомеа, интихоби байнихамдигари, сотсиометрия, референтометрия, сарвар.

НАКША:
1.Муаммои шахс ва фаъолнокии у.
2.Вачххои даркшуда ва даркнашуда.
3.Худшиноси ва худбаходихии шахс.
4.Мафхум дар бораи гурух ва чомеахо.
5.Чомеа хамчун шакли олии инкишофи гуруххо.
6.Дифференсиатсияи гурухи. Сотсиометрия ва референтометрия.
7.Муносибатхои байнишахси дар гуруххои пароканда (диффузи) ва ассотсиатсияхо.
8.Сохти муносибати байнишахси дар чомеа.

Муаммои шахс ва фаъолнокии у.
Хар як насли инсон (новобаста аз хусусиятхои психологиаш) фард номида мешавад.
Шахс – силсилаи сифатхои ичтимои мебошад, ки фард (индивид) дар рафти ичрои фаъолият ва муносибатхои байнишахси дар чамъият ба даст меорад, номида мешавад. Б.Г.Ананьев, А.Н. Леонтьев, Б.Х.Ломов, С.Л. Рубенштейн дар тадкикотхои худ нишон доданд, ки хар як шахс фард буда метавонад, аммо на хама фард шахс аст.
Шахс фард аст. Фард танхо дар рафти муносибатхои байни хамдигари, муошират ва ичрои фаъолияти якчоя силсилаи хусусиятхоеро сазовор мегардад, ки дар натича ба шахс табдил меёбад.
Хусусиятхои инфироди (индивидуальность) – чамъи хусусиятхои психологии одам, ки танхо ба у хос буда, фаркияти уро аз одамони дигар нишон медиханд.
Хусусиятхои инфиродии шахс низ дар чомеа, дар рафти муносибатхои байнихамдигари ва ичрои фаъолият зохир мегарданд ва дар шарту шароитхои муайян тагйир меёбанд.
Муаммохои омилхои табии (биологи) ва ичтимои (социали) яке аз масъалахои халталаби психологи ба шумор меравад.
Доир ба ин масъала акидае баён карда шуд, ки шахсияти одамонро ба таркиби «эндопсихики» ва «экзопсихики» чудо кардан мумкин аст.
«Экзопсихика» омилхои ичтимоиро дар бар мегирад. Дар ин асос доир ба масъалаи омили асоси инкишофи 2 равия ба вучуд омад:
а) равияи биологизатори
б) равияи ичтимои
Тарафдорони равияи биологизатори омили асосии инкишофро дар омилхои табии ирси, мероси, анатоми-физологи мебинанд.
Тарафдорони равияи ичтимои омилхои табииро катъиян рад карда, дар инкишофи шахс танхо мавкеи мухитро зарури мехисобанд.
Хатогии тарафдорони харду равия аз он иборат аст, ки онхо акидаи хамдигарро катъиян рад мекунанд. Психологхои хозира асоси инкишофро дар ягонагии омилхои табии ва ичтимои мебинанд.
Фаъолнокии шахс низ асоси инкишофи у ба хисоб меравад.
Фаъолноки – мавкеи фаъолонаи хаётиест, ки дар катъият , матонат ва суботкори барои расидан ба максади худ зохир мегардад.
Дар замони хозира акидае кобили кабул шуморида шудааст, ки талаботхо сарчашмаи фаъолнокии шахсро ташаккул медихад.
Талабот холати организми зинда аст, ки вобастагии мавчудияти уро аз шарту шароитхои муайян нишон дода, уро фаъол мегардонад.

Талабот намудхои зерин дорад:
1)аз руи пайдоиши худ
а) табии
б) мадани
2) аз руи хосияти характери предметии худ
а) модди
б) мадани
Зиддияте, ки байни талабот ва шарту шароити конеъшавии он ба вучуд меояд, кувваи харакатдахандаи шахс ба хисоб меравад.
Талабот дар вачххо зохир мешаванд.
Вачххо – холати шахс аст, ки уро ба ичрои ин ё он фаъолият водор мекунад.
Вачххо 2 хел мешаванд:
1)Вачхи даркшуда (бошуурона)
2)Вачхи даркнашуда (бешуурона)
Вачххои бошуурона (даркшуда) шавку хавас, гоя ва чахонбини мебошанд.
Вачххои даркнашуда (бешуурона) дастур, ки мусби ё манфи шуда метавонад.
Худшуурноки (самосознание) – тадкики образи «Ман», худбаходихи, худтарбиякуни (самовоспитание), дарачаи иддао (уровень притязаний) омилхое, ки ба таркиби шахс дохил шуда, дар ташаккули у мавкеи асосиро ишгол мекунанд.

Мафхум дар бораи гурух ва коллектив.

Гурух – иттиходи одамон, ки аз руи хусусияти якхела чамъ шудаанд. (мансубияти синфи, хусусияти фаъолият…)
Намудхои зерини гурухро чудо мекунанд: хурд ва калон, хакики ва шарти, расми ва гайрирасми, инкишофёфта ва инкишоф наёфта.
Гурухи хакики – гурухи доими амалкунанда буда, гурухи шарти барои муддати муайяне ташкил карда мешавад.
Гурухи хурд шахсони хамеша якчоя амалкунандаро муттахид мегардонад.
Гурухи расми дорои хукук ва вазифахои конунаш эътирофкардашударо дошта рохбарашон мегарданд ё интихоб карда мешаванд.
Хусусияти мохияти гуруххо дарачаи инкишофи онхо мебошанд. Дарачаи инкишофи гурух аз руи ташаккули муносибати байнихамдигари муайян карда мешавад. Аз руи дарачаи инкишоф чунин типи гуруххоро чудо кардан мумкин аст: коллектив, гуруххои ичтимои, диффузи, ассотсиатсияхои гайриичтимои, корпоратсияхо.
Коллектив хамчун шакли олии ташаккули гуруххо.
Коллектив ба гурухи хурд мансуб аст. Гурухи хурд – иттиходи одамони бо хам амалкунанда, ки бо хам муносибати доими доранд.
Коллектив – гурухест, ки дар он муносибати байнихамдигари аз руи мундаричаи сарватхои чамъияти ва фаъолияти якчоя ба амал оварда мешавад.
Одамоне, ки ба ин ё он гурух аз руи сифатхои кори ё шахсиашон мансубанд, дар он гурух мавкеи муайяне доранд, яъне дар он маврид дифференсиатсияи гурухи амал мекунад. Дифференсиатсияи гурухи бо усули сотсиометрия ва референтометрия муайян карда мешавад.
Хар як гурух сарвари худро дорад. Сарвархо расми (интихоб ё таъиншуда) ва гайрирасми шуда метавонанд.
Саволхо барои мустахкамкуни.

1.Фард кист?
2.Шахс кист?
3.Фарки фарду шахсро нишон дихед.
4.«Хусусиятхои инфироди» чистанд?
5.Омилхои асосии инкишофи одамро нишон дихед.
6.Омилхои табииро дар инкишоф шарх дехед.
7.Омихои ичтимоиро дар инкишоф муайян намоед.
8.Сарчашмаи фаъолнокии одам чист?
9.Фаъолноки чист?
10.Талабот чист?
11.Намудхои талаботро маънидод кунед.
12.Кувваи харакатдихандаи шахс чист?
13.Вачх чист?
14.Намудхои вачхро номбар кунед ва онхоро шарх дихед.
15.Таркиби шахсро муайян кунед.

Л е к с и я и 4.
Фаъолият ва сохаи вачхиёти одам.
Максад: Мохияти фаъолияти одам ва сохаи вачхиёти уро кушода додан, роххои азхудкунии фаъолият ва намудхои асосии онро нишон додан.
Мафхумхои асоси: фаъоли, фаъолият, талабот, максад, амалхо ва харакатхо, интериоризатсия, экстериоризатсия, малака, махорат, одат, бози, таълим, мехнат.
НАКША:
1.Фаъолиятноки ва фаъолият. Талабот хамчун сарчашмаи фаъолиятноки.
2.Мафхум дар бораи вачххо ва намудхои онхо.
3.Мафхуми фаъолияти одам.
4.Сохти фаъолият. Намудхои асосии фаъолият.

Фаъолноки ва фаъолият.
Хусусияти умумии мавчудоти зинда фаъолнокии вай аст.
Фаъолноки мавкеи фаъолонаи хаётие, ки дар катъият, матонат ва суботкори барои расидан ба максад зохир мешавад.
Сарчашмаи фаъолнокиро талабот ташкил медихад.
Талабот аз руи пайдоиши худ табии ва мадани; аз руи хусусияти предметии худ модди ва рухи мешавад.
Фаъолнокии хайвонот ва одамонро фарк мекунанд. Дар талаботи хайвонот танхо сарчашмаи табии мавкеи мухим дорад. Бинобар он фаъолнокии хайвонот рафтор номида мешавад. Конеъ гардонидани талаботи одам бошад, чун раванди фаъол ва максаднокии азхудкунии фаъолият амал мекунад. Бинобар он фаъолнокии инсон дар фаъолият зохир мегардад.
Фаъолият - фаъолнокии ботини (психики) ва зохирии (чисмони) одам аст, ки онро максаднокии бошуурона идора мекунад.
Дар сохаи вачхиёти одам максад даркшаванда аст. Даркшавандагии максад фаъолнокии одамро ба фаъолият табдил медихад.
Дигар чихатхои фаъолият, вачххои он, интихоб ва коркарди ахбороти зарури дарак нашуданашон ё на он кадар пурра даркшуданашон мумкин аст. Дар он холат на фаъолият, балки рафтори беихтиёри (импусиви) амал мекунад.
Фаъолияти одам раванди мураккабест, ки аз фаъолнокии ботини (психики) ва зохирии (чисмони) иборат аст. Аз ин чо ба таркиби фаъолият инхо дохил мешаванд.
а) максад (гузориши максад)
б) халли масъала дар ичрои амалхо
в) идора кардани амалхо (управление действием)
г) назорати амалхо (контрол за действием)
д) интериоризатсия
е) экстериоризатсия
Хамин тавр фаъолияти ботини психикиро хамчун натичаи фаъолияти беруни, предмети дидан мумкин аст ва баръакс.
Таркиби хар як амал аз 3 чузъиёт иборат аст:
а) мотори
б) сенсори
в) маркази
Вазифаи онхо аз ичрои амал, назорат ва идора кардани он иборат аст.
Малака – тарзи автоматикунонидаи ичрои харакатхои максадноки одам буда, таркиби он чунин аст:
1)тагйир додани тарзи ичрои амал.
2)тагйир додани тарзи назорати амал.
3)тагйир додани тарзи идракунии амал.
Дар натича рохи бехтарини ичрои амалро пайдо мекунем.
Малака дар асоси машккуни ташаккул меёбад.
Машк – ичрои якчандкаратаи амал ё фаъолият бо дарёфти рохи бехтарини ичро ва назорати он аст.
Махорат – истифодаи дониш ва малакахо дар ичрои амал ё фаъолият аст.
Такроркунии амалхо ва рафторхо ба ташаккулёбии одат оварда мерасонад.
Намудхои асосии одат инхоанд:
а) бози.
б) таълим.
в) мехнат.
Хар се намуди фаъолият дар хар як давраи инкишофи шахс мавкеи муайян дошта, мохияти худро гум намекунад.
Фаъолияти асоси – фаъолиятест, ки шахс дар хамин давра асосан бо он машгул аст.
Фаъолияти - пешбаранда фаъолиятест, ки барои инкишофи психикии шахс дар давраи ояндаи инкишоф шарту шароитхо фарохам меорад.

Саволхо барои мустахкамкуни.

1.Фаъолноки чист?
2.Фаъолият чист?
3.Фаъолнокии инсон аз фаъолнокии хайвон бо чи фарк мекунад?
4.Сохту таркиби фаъолиятро нишон дихед?
5.Амал ва харакат чист?
6.Сарчашмаи фаъолнокии шахс чист?
7.Талабот чист?
8.Кадом намудхои талаботро медонед. Онхоро нишон дихед.
9.Малака чист?
10.Таркиби малакаро нишон дихед.
11.Одат чист?
12.Намудхои фаъолиятро номбар кунед.
13.Фаъолияти пешбаранда чист?
14.Махорат чист?

Л е к с и я и 5.
Муошират хамчун шакли махсуси фаъолияти одам.
Максад: ба донишчуён дар бораи муошират, чихатхои он, функсияхо ва механизмхои асосии таъсироти психологи маълумот додан.
Мафхумхои асоси: муошират, коммуникатсия, идроки ичтимои, коммуникатор (ахбордиханда), ретсипиент (ахборкабулкунанда), ролхои ичтимои, интизории роли, низоъхои байнихами, монеахои маънои, машкхои муоширот.
НАКША:
1.Муаммохои муошират дар психология
2.Муошират хамчун мубодилаи ахбор
3.Муошират хамчун якчоя амалкунии одамон
4.Муошират хамчун идроки якдигарии одамон
5.Механизмхои таъсироти психологи
Муаммохои муошират дар психология дар 2 равия омухта мешавад.
1. Муошират хамчун шарту шароити баландшавии самараи фаъолият ва ташкили фаъолияти якчоя.
2. Муошират хамчун шакли махсуси фаъолият нишон дода шуда, фаъолият хамчун як чузъи муошират хисоб мешавад.
Муошират – раванди бисёрчихатаи муносибати байни одамон аст, ки дар асоси талаботи фаъолияти якчоя ба амал меояд.
Аз ин чо, муошират як чузъи фаъолият аст.
Муошират ва фаъолият ягонагии устувор доранд.
Муошират хамчун мубодилаи ахбор.
Муошират хамчун мубодилаи ахбор аз чихати илми коммуникатсия ном гирифтааст, ки ба воситаи забон ба амал меояд. Дар рафти муомилот (коммуникатсия) равандхои мураккаб (рамзбанди, рамзкушои) амал мекунад. Ахбор дода мешавад, каси кабулкунанда онро ба таври худ тахлил карда мефахмад (декодирование).
Шахси ахбордиханда коммуникатор, кабулкунандаи ахбор ретсипиент номида мешавад.
2 шакли коммуникатсия мавчуд аст: вербали ва гайривербали.
Коммуникатсияи вербали-нутк, яъне рафти муошират бо воситаи забон аст.
Намудхои нутк инхоанд: нутки беруни ва нутки дохили.
Нутки беруни ба нутки дахони ва хатти чудо мешавад.
Нутки дахонц ба нутки диалоги ва монологи чудо мешавад.
Ба воситаи гайривербалии нутк имову ишора, оханги талаффуз, фосила, киёфа (мимика) дохил мешаванд.
Муошират хамчун амали якчояи одамон.
Муошират талаботи фаъолияти якчояи одамонро инъикос мекунад.
Фаъолияти якчояи одамон дар шароити назорати ичтимои (социальный контроль), ки дар асоси меъёрхои ичтимои амали мегардад, мегузарад.
Назорати ичтимои дар рафти бо хам амалкунии одамон дар асоси мундаричахои роли ба амал меоянд.
Дар психология намунаи рафтореро, ки ахли чамъият аз шахси алохида (муаллим, падар, фарзанд…) вобаста ба мавкеи ичтимоии у интизоранд, роли ичтимои меноманд.
Бархурди мавкехои роли зиддиятхои роли номида мешаванд.
Бо хам амалкунии одамонро, ки мавкехои (ролхои) гуногунро ичро мекунанд, интизорихои роли (релевые ожидания) ба тартиб меорад.
Шарти зарури дар самаранокии муошират мувофикати рафтори одамони бо хам амалкунанда бо он тарзи рафторест, ки аз онхо мунтазиранд. Ин мувофикати рафторро бо интизории роли одоб меноманд.
Беодоби вакте, ки интизории роли бо тарзи хакики рафтор мувофик намеояд.
Алокаи дутарафаи байни муошираткунандагон робита номида мешавад.
Дар рафти муошират низоъхои байни муошираткунандагон низ ба вучуд омаданаш мумкин аст.
Сабабхои низоъ:
1) Мувофик наомадани шавку хавас;
2) Монеахои маънои дар муошират.

Муошират {амчун идроки якдигарии одамон.
Муошират чун идроки якдигарии одамон низ амал мекунад, ки xи{ати персептивии муоширатро нишон меди{ад.
Механизм{ои идроки якдигарии одамон ин{оанд:
1)идентификатсия
2)рефлексия
3)стериотипизатсия.
[амин тавр, муошират раванди соддаи додани ахбор нест.
Ахборе, ки дода шуд, идрок шуда, натиxаи он пешбинb карда мешавад.

Механизм{ои таъсироти психологb.

Муносибати байни{амдигари ба {ар яке аз субъект{ои муошираткунанда таъсири муайяне мегузорад, ки он{о дар шакл{ои зерин зо{ир мешаванд:
1)сирояткунb
2)таrлидкунb
3)uоя
4)талrинкунb.
Малакахои муоширати самаранок дар одамон табии (стихийно) ё чун маьсули омузиш пайдо мешавад.
Махсус омухтани малакахои муошират барои омузгор зарур аст.
Яке аз роххои омузиши малакахои муошират машки муошират (тренинг,общения) ё машки ичтимои-психологи аст (социально-психологический тренинг).
Чихатхои назарияви ва амалии машкхои муоширатро чудо мекунанд.
Машкхои психологи-ичтимои вазифахои зеринро ичро мекунад:
1) омузиши конуниятхои умумии муошират, аз чумла муоширати омузгор
2) аз худ кардани тарзи муносибати омузгори (педагогическая коммуникация), яъне ташаккули малака ва махорати муоширати омузгори.
Машкхо шакли амалии машкхои психологи-ичтимоиро ташкил медиханд.
Машкхои психологи-ичтимои шаклхои гуногун доранд.
Яке аз онхо бозии омузиши аст (деловые игры).
Хамин тарик, машки муошират яке аз шаклхои муфиди фаъолияти омузгори ба хисоб меравад ва дар тайёр кардани мутахассисони сохаи маориф сахми арзанда гузошта метавонад.


Саволхо барои мустахкамкуни.

1.Муошират чист?
2.Коммуникатсия чист?
3.Чихатхои муоширатро номбар кунед.
4.Нутк чист?
5.Намудхои нуткро тавсиф дихед.
6.Муоширатро хамчун мубодилаи ахбор шарх дихед.
7.Воситаи вербали ва гайривербалии нутк кадомхоанд?
8.Муоширатро чун якчояамалкунии одамон шарх дихед.
9.Мафхумхои «меъёри ичтимои», «назорати ичтимои», «роли ичтимои»-ро маънидод кунед.
10.Интизории роли чист?
11.Одоб чист?
12.Муоширатро чун идроки якдигарии одамон шарх дихед.
13.Механизмхои таъсироти психологиро номбар кунед.
14.Машки муошират (тренинг общения) чист?


Л е к с и я и 6.
Д и к к а т.
Максад: Ба донишчуён дар бораи диккат, намудхои он, протсесхои диккат ва мохияти он дар фаъолияти маърифатии одам маълумот додан.
Мафхумхои асоси: диккат, равонагии шуур, диккати сенсори, диккати акли, диккати матори, диккати гайриихтиёри, китъаи оптимали, устувории диккат.
НАКША:
1.Мафхуми диккат
2.Назарияхои психологии диккат
3.Намудхои диккат
4.Механизми физиологии диккат
5.Сохту таркиби диккат
Ба ягон объекти муайяне, ки дар хамон лахза мохият пайдо кардааст, равона кардани фаъолияти фикри диккат номида мешавад.
Диккати шарти зарур ва мухими самаранокии хамаи намудхои фаъолияти одам аст.
Диккати равонагии шуур аст, ки дарачаи сенсори, акли ва харакату фаъолнокии фардро баланд мекунад.
Назария{ои психологии диrrат.
Се назарияи психологии диrrат мавxуданд:
1)Назарияи С.Л. Рубенштейн: диrrат {амчун омили такмили фаъолияти маърифатb.
2)Назарияи Н.Д.Добринин: диrrат ин равонагb ва устувории шуур аст.
3)Назарияи П.Я. Галперин (аrида): диrrат - ин амали махсуси психологии назорат аст.
Намуд{ои диrrат
Аз рeи характери намоён гаштанашон се шакли диrrатро xудо мекунанд:
1)сенсорb ({иссb)
2)аrлb
3)моторb ({аракатb)
Аз рeи табиати пайдоишашон се намуди асосии диrrат мавxуд аст:
1)Диrrати uайриихтиёрb
Диrrате, ки бе {еx гуна маrсади пешакb гузошташуда ба вуxуд меояд, диrrати uайриихтиёрb ном дорад.
Омилхои чисмони, физиологи ва психики сабабхои пайдоиши диккати гайриихтиёри шуда метавонанд.
Шартхои асосии пайдоиши диккати гайриихтиёри чунин хусусиятхои ангезандахоанд:
а) нав будани ангезанда;
б) кувваи ангезанда;
в) серхаракатии ангезанда;
г) новобастагии холати ботини аз ангезандахои беруна.
2. Диккати ихтиёри.
Диккате, ки дар натичаи максади шуурона гузошташуда пайдо мешавад, диккати ихтиёри ном дорад.
Дар диккати ихтиёри равшан фахмидани максад, вазифаи гузошташуда ва фаъолии шахс мухим аст.
3.Диккати пасазихтиёри.
Байни диккати ихтиёри ва гайриихтиёри диккате амал мекунад, ки онро Н.Ф.Добрынин «диккати пасазихтиёри» номидааст.
Дар ин намуди диккат хусусиятхои ирода мавкеи мухимро ишгол мекунанд.
Асосхои физиологии диккат.
Дар муайян кардани асосхои физиологии диккат тадкикотхои И.П.Павлов ва А.А.Ухтомский мохияти калон доранд.
1. Назарияи И.П.Павлов дар бораи рефлексхо, ки дар оянда аз тарафи Б.Н.Соколов кор карда шудааст.
2. Назарияи И.П.Павлов дар бораи китъаи оптималии хаячон, ки дар асоси конуни индуксияи равандхои асаб ба вучуд меоянд.
3. Назарияи А.А.Ухтомский дар бораи «китъаи доминанти»

Сохту таркиби диrrат.
Таркиби диrrатро хусусият{ои асосиаш ташкил меди{анд, ки он{оро ба ду гурe{ xудо кардан мумкин аст:
1.Хусусият{ои мусбии диrrат;
а) {аxми диrrат
б) устувории диrrат
в) кeчонидани диrrат
г) таrсимоти диrrат
д) мутамарказияти диrrат.
2. Хусусият{ои манфии диrrат;
а) парешонии диrrат
б) калавиши диrrат.
Ташаккули диккат ба хусусиятхои инфиродии шахс вобастагии калон дорад.

Саволхо барои мустахкамкуни:

1.Диккат чист?
2.Намудхои диккат кадомхоанд?
3.Диккати ихтиёри чист?
4.Диккати гайриихтиёриро тавсиф дихед.
5.Диккати пасазихтиёриро шарх дихед.
6.Назарияхои мавчударо дар бораи механизмхои физиологии диккат кушода дихед.
7.Хусусиятхои асосии диккатро номбар кунед.
8.Хачми диккат чист?
9.Устувории диккатро шарх дихед.
10.Таксимоти диккат чист? Мохияти онро кушода дихед.
11.Кучонидани диккат чист?
12.Хусусиятхои манфии диккат кадомхоанд?
13.Мохияти диккатро дар фаъолияти таълими нишон дихед.

Л е к с и я и 7.

Эхсосот ва идрок.
Максад: Шинос намудан бо мафхумхои асоси дар бораи эхсосот ва идрок, таснифоти намудхои он, кушода додани мазмуни механизмхои физиолиги, конуниятхои умумии эхсосот ва хусусиятхои идрок.
Мафхумхои асоси: эхсосот, анализаторхо, хассосият, мутобикшави, адаптатсия, сенсибилизатсия, синестезия, идрок, апперсепсия, иллюзия, доими, константии идрок, бутуни «яклухти»-и идрок.
НАКША:
1.Мафхуми эхсосот.
2.Таснифот ва намудхои эхсосот.
3.Конуниятхои умумии эхсосот.
4.Мафхум дар бораи идрок.
5.Асосхои физиологии идрок.
6.Таснифоти идрок ва намудхои он.
Гарчанде, ки эхсосот раванди оддитарини маърифати аст, мавкеи он дар дониста гирифтани олами хакики нихоят калон аст. Бе эхсосот ягон раванди дигари маърифати вучуд дошта наметавонад.
Дар пустлохи майнаи сар инъикос ёфтани хосиятхои алохидаи ашё ва ходисахои олами ихотакарда, ки дар айни хол ба узвхои хисси мо таъсир мекунанд, эхсосот номида мешавад. Мо на дар бораи хеч як шакли модда ва на дар бораи хеч як шакли харакат, ба чузъ эхсосот, бо хеч рохи дигаре хеч жиз дониста наметавонем.
Дар чараёни дида баромадан ё ламс кардани ягон ашё накши хамон ашё дар шуур охиста-охиста шакл мегирад. Ин гуна накшро накши субъективии олами объективи меноманд. Мо дар чараёни эхсосот хусусияти ашё ва ходисахоеро, ки дар хакикати объективи вокеи вучуд доранд, инъикос менамоем.
Фаъолияти мураккаби системаи асаби мо – майна механизми физиологи эхсос мебошад. И.П.Павлов дар таълимоти худ инро фаъолияти анализатори номидааст.
И.П.Павлов анализатор гуфта аппарати мураккаби асабиеро меномад, ки он тахлили амики хакикати ихотакардаро таъмин менамояд.
Анализатор аз 3 кисм иборат аст: 1) кисми атрофи ё ретсептори (маънои калимаи ретсептор «кабулкунанда» мебошад), 2) кисми гузаронанда ва 3) кисми майна ё маркази, ки пустлохи майнаи сарро дар бар мегирад.
Ба кисми атрофии анализаторхо хамаи узвхои хис (чашм, забон, гуш, бини, пуст) ва аппаратхои махсуси ретсепторие тааллук доранд, ки онхо дар узвхои даруни ва мушакхои бадан чой гирифтаанд.
Кисми гузаронанда, чуноне, ки аз худи номаш маълум аст, хаячони асабиро аз аппарати ретсептори ба марказхои майнаи сар мегузаронад. Кисми пустлохии майна шуъбаи олии анализатор мебошад. Эхсос махз дар хамин чо ба вучуд меояд. Таьлили амике, ки бо таркиб зич алокаманд аст, махз дар хамин кисм руй медихад ва дар нихояти кор таъсири бавучудомадаи байнихамдигарии организм ва мухити беруниро муайян мекунад. Фаъолияти анализаторхо ва фаъолияти харакатии организми зинда ягонагии чудонашавандаро ташкил медиханд.
Анализаторхои беруни ва даруниро фарк мекунанд. Ретсепторхои анализаторхои беруни, яъне ретсепторхои бинои, шунавои, пуст, мазза ва буй дар сатхи бадан чойгир шудаанд.
Анализаторхои даруни ретсепторхое доранд, ки онхо дар узвхо ва бофтахои даруни чойгир шудаанд ва дар бораи тагироти худи организм хабар медиханд. Анализатори харакати мавкеи мобайниро ишгол мекунад, ретсепторхои он дар мушаку бандхо вокеъ гашта, хангоми харакат ва инчунин ламс (даст-даст) кардан эхсосро ба вучуд меоварад. Эхсоси дард барои хамаи анализаторхо умуми мебошад ва дар бораи таъсири ангезандахои нихоят зур ба организм хабар мерасонад.
Вобаста ба табиати ангезандахое, ки ба анализатори муайян таъсир мерасонанд ва вобаста ба табиати эхсоси дар чунин холат ба вучудоянда намудхои алохидаи эхсосро чудо мекунанд:
Эхсоси бинои. Эхсоси бинои барои олами беруниро дониста гирифтани одам ахамияти асоси дорад. Эхсоси бинои дар натичаи ба кисми хискунандаи чашм (аппарати бинои) таъсир кардани нурхои рушнои (мавчхои электромагнити) пайдо мешавад.
Ба туфайли эхсоси бинои мо шакл, равшани, ранг, андоза, хачм ва дурии ашёхоро дониста мегирем. Эхсоси бинои ба одам имконият медихад, ки мавкеъ ва самтро дар фазо муайян кунад, харакатхои худро мутобик гардонад.
Эхсоси шунавои. Мо нутки худ ва одами бегонаро шунида истода, онро назорат мекунем ва дар мавриди зарури талаффузро хам ислох менамоем. Хангоми гум шудани кобилияти шунавои одамон одатан кобилияти гапзаниро хам гум мекунанд.
Мавчхои садо, лаппишхои ба ягон самт мувофикбудаи хиссачахои хаво, ки онхо аз манбаи садо ба хар тараф пахн мешаванд. Узви шунавоии одам садохои дар як сония аз 16 то 20000 лаппиш доштаро ыабул мекунад.
Эхсоси буй. Хучайрахои буйфахм, ки дар кисми болоии ковокии бини вокеъ гаштаанд, узви эхсоси буй мебошанд.
Эхсоси мазза. Эхсоси мазза дар натичаи ба ретсепторхои мазза таъсир кардани хосиятхои химиявии моддахое, ки дар оби дахон маълул шудаанд, пайдо мешавад.
Эхсоси пуст. Ангезандахои механики ва хароратии ба пуст таъсиркунанда чор намуди эхсосро ба вучуд оварда метавонанд:
1) эхсоси расиш (ё эхсоси тактили), 2) эхсоси хунуки, 3) эхсоси гарми, 4) эхсоси дард.
Эхсосхои харакати ва ломиса. Эхсоси харакати ё кинестези ин эхсоси харакат ва вазъияти узвхои бадан мебошад.
Якчояшавии эхсоси пуст ва харакати дар вакти даст-даст кардани ашёхо, яъне хангоми ба ашёхо расидани дасти харакаткардаистода, ломиса номида мешавад.
Эхсоси мувозинат. Узвхои эхсоси мувозинат дар гуши даруни чойгир буда, дар бораи харакат ва вазъияти сар хабар медиханд.
Эхсоси органики. Ба эхсосхои органики эхсоси гуруснаги, ташнаги, сери, бехузуршавии дил, дардхои даруни ва хоказо тааллук доранд.
Эхсосот конуниятхои худро дорад. Яке аз онхо хассоси ва зинахои эхсосот аст.
Кобилияти ангезандахои кувва ва таъсироташон гуногунро эхсос карда тавонистани анализаторхо хассоси номида мешавад.
Хассосии мутлак ва хассосии фарккуниро нишон медиханд. Хассосии мутлак ин кобилияти ангезандахои аз хама суст ва хассосии фарккуни кобилияти фаркияти сусти байни ангезандахоро эхсос карда тавонистани одам мебошад.
Бузургии хурдтарини ангезанда, ки хангоми таъсири он эхсоси андаке намоён аввалин бор пайдо мешавад, зинаи мутлаки эхсос ном дорад. Ангезандахое, ки чунин бузурги надоранд, берун аз зинаи эхсос мемонанду одам онхоро дарк намекунад.
Зинаи фарккуни дигар конунияти эхсос аст.
Зинаи фарккунии эхсос гуфта, тагйирёбии камтарини кувваи ангезандаро меноманд, ки онро ин ё он анализатор инъикос карда метавонад.
Конунияти дигари эхсосот мутобикшави ва мухолифат аст.
Кобилияти хассосии анализаторхо доими намебошад ва дар рафти онхо мутобик шуданашон ангезандаи амалкунанда тагйир меёбад. Ин ходиса мутобикшави (адаптатсия) номида мешавад.
Ба хам таъсиррасонии эхсосхо синестезия номида мешавад.
Сенсибилизатсия – баланд шудани як намуди эхсос аз хисоби омилхои даруни (ё паст шудани намуди дигари эхсос)
Идрок раванди дигари маърифати мебошад. Дар пустлохи майнаи сар инъикос ёфтани хосиятхои умумии ашё ва ходисахое, ки ба анализаторхои одам таъсир мерасонанд, идрок номида мешавад.
Фарки идрок аз эхсос аз он иборат аст, ки одам дар идрок хусусиятхои алохидаи ашёву ходисахо не, балки предмету ходисахои дунёи ихотакардаро ба шакли бутун дониста мегирад.
Идрок раванди мураккабест, ки одам бо ёрии он олами ихотакардаро чукур дониста мегирад, объектхои даркшавандаро тадкик мекунад.
Мувофики таълимоти И.П.Павлов системаи мураккаби алокахои муваккатии асаби асоси идрок мебошад. Алокаи байни анализаторхои гуногун низ асоси физиологии идрокро ташкил мекунанд.
Вобаста ба он, ки дар идрок кадом анализатор роли асосиро мебозад, идрокро ба бинои, шунавои, буй, мазза ва ломиса чудо мекунанд.
Дар асоси шакли мавчудияти материя идроки фазо, вакт ва харакатро чудо мекунанд.
Яке аз хусусиятхои идрок интихоби будани он аст, ки ба шавку хавас ва фаъолияти шахс вобаста аст.
Хусусияти характерноки идрок константии он мебошад. Константии идрок он аст, ки бо вучуди тагйир ёфтани равшанноки, вазъияти фазоги, масофаи байни ашёву одами идрокунанда ва гайра идроки биноии ашёхо доими ва тагйирнаёбанда мебошад.
Мушохида низ яке аз хусусиятхои идрок аст. Идроки бомаксаду мураттаб мушохида номида мешавад.
Ба хусусиятхои шахсии одам вобаста будани идрок апперсепсия номида мешавад.
Идроки нодуруст ва вайрон иллюзия номида мешавад. Хамин тавр, гарчанде эхсосу идрок равандхои оддии маърифати бошанд хам, дар хаёту фаъолияти инсон ва ташаккули шахсияти у манбаи асосианд. Олимоне, ки дар халли муаммохои эхсосу идрок ва роххои ташаккули онхо сахмгузоранд инхоанд: Ананьев Б.Г, Запарожес А.В, Зинченко В.П, Лурия А.Р.

Саволхо барои мустахкамкуни.

1.Эхсосро чун раванди одди ва хеле мухими маърифати тавсиф дихед.
2.Асоси физиологии эхсосотро муайян кунед.
3.Анализатор чист? Кадом кисмхоро дар бар мегирад?
4.Мувофикан анализаторхо кадом намуди эхсосро ба вучуд меоранд?
5.Намудхои эхсосотро номбар кунед.
6.Конуниятхои эхсосот кадомхоанд?
7.Адаптатсия чист?
8.Синестезия ва сенсибилизатсияро чун конунияти эхсосот кушода дихед.
9.Идрок чист?
10.Асоси физиологии идрокро нишон дихед.
11.Намудхои идрокро номбар кунед ва бо мисолхо нишон дихед.
12.Хусусиятхои асосии идрокро номбар кунед.
13.Апперсепсия ва идроки нодурустро шарх дихед.
14.Хусусиятхои фардии идрокро нишон дихед.
15.Мавкеи эхсосу идрокро дар хаёту фаъолияти шахс нишон дихед.

Л е к с и я и 8.
Х о т и р
Максад: шинос намудани донишчуён бо мафхум дар бораи хотир, назарияхо оид ба хотир, механизмхои хотир, намудхо ва равандхои хотир, фаркияти фардии хотир.
Мафхумхои асоси: амнезия, ассотсиатсия, хотир, хотири мантики, хотири аёни-образи, хотири харакати, хотири эхсоси, хотири кутохмуддат, хотири дарозмуддат, хотири ихтиёри, хотири гайриихтиёри, азнавхосилкуни, шинохтан, фаромушкуни, реминитсенсия, эйдетизм.
НАКША:
1.Маълумот дар бораи хотир
2.Назарияхои хотир
3.Намудхои хотир
4.Равандхои хотир
5.Фаркияти фардии хотир.
Хотир яке аз равандхои мухимтарини маърифатиест, ки дар азхудкунии ходисаю вокеахои атроф, ташаккули шахсият ва идора кардани рафтору кирдорхои у мавкеи мухимро ишгол мекунад.
Хусусияти мухими психикаи инсон он аст, ки у инъикоси таъсироти олами берунаро мунтазам дар рафторхои ояндаи худ истифода мебарад. Тадричан мураккаб гаштани рафтор дар асоси гун шудани тачрибахои шахси ба амал меояд. Ташаккули тачрибаи хаёти низ ба инъикоси образхои дунёи беруна дар пустлохи майнаи сар вобаста аст. Дар алокамандии байнихамдигари ин накшахо мустахкам мегарданд, нигох дошта мешаванд ва дар мавриди зарури аз нав хосил карда мешаванд ё фаромуш мегарданд (яъне ин ё он равандхои хотир амал мекунанд).
Раванди ба хотир гирифтан, дар хотир нигох доштан ва минбаъд аз нав хосил кардани тачрибахои пештара, хотир номида мешавад.
Равандхои асосии хотир инхоанд: бахотиргири, дар хотир нигох доштан, азнавхосилкуни ё шинохтан ва фаромушкуни.
Ин равандхо бо хам алокаманд буда, дар рафти фаъолият амал мекунанд ва ташаккул меёбанд.
Бахотиргири равандест, ки ба зиёд шудани тачрибахои шахси дар рафти хаётгузарони вобаста аст (Китоберо мехонем, наворе тамошо мекунем, маънои онро ба хотир мегирем ва дар хотир нигох медорем).
Дар оянда истифода бурдани ончие, ки ба хотир гирифта шуда буд, азнавхосилкуни номида мешавад.
Фаромушкуни зинаи пасттарини хотир буда, дар натичаи такрор накардан ё дар рафти хаётгузарони истифода набурдани тачрибае ба вучуд меояд.
Дар хотир нигох доштани маводе аз истифодаи бештари он дар фаъолият вобаста аст. Аз ин чо хотир раванди мухимтарини маърифати буда, мавкеи он дар фаъолият ва ташаккули шахсият багоят калон аст.
«Агар хотир намебуд, инсон хамеша дар холати навзоди мемонд»
(И.М.Сеченов)
Хотир яке аз кисматхои тадкикшудаи психология ба шумор рафта, дар бораи конуниятхои чоришави ва механизмхои он назарияхои гуногун вучуд доранд. Олимоне, ки коркарди ин муаммохоро амали гардонидаанд: И.М.Сеченов, И.П.Павлов, А.Р.Лурия, П.И.Зинченко, А.А.Смирнов, Е.Н.Соколов.
Гарчанде хотир яке аз кисматхои тадкикшудаи психология ба хисоб равад хам, дар муайян намудани конуниятхою механизмхои ташаккулёбии он дар мархилаи хозира низ тадкикотхои зиёде гузаронида шуда истодааст.
Назарияхои асоси дар коркарди муаммои хотир чун раванди маърифати инхоанд:
а) назарияхои психологии хотир;
б) назарияхои физиологии хотир;
в) назарияхои биохимикии хотир.
а) Яке аз назарияхои психологии хотир – назарияи ассотсиативи аст. Тарафдорони ин назария механизми физиологии хосилшавии ассотсиатсияро дар алокахои муваккатии асаби мебинанд. Ассотсиатсия- алокаи муваккатии байни ходисахо ва далелхое, ки дар шуури мо инъикос ёфта буданд.
Таълимоти П.К.Анохин дар бораи хосилшавии алокахои муваккати дар халкаи рефлектори назарияи физиологии хотирро пурратар мегардонад.
Назарияи физики дар хотир низ ба назарияи физиологи тааллук дошта, тарафдорони он мавкеи осорхои дар майнаи сар бавучудомадаро дар равандхои хотир кайд мекунанд.

Назарияи биохимиявии хотир
Мувофики гипотеза дар бораи мустахкамшавии осорхои раванди нигох дошта шудани таассурот ду давра дорад. Дар давраи якум (бевосита баъди таъсири ангезанда) дар системаи асаб мутаассиршавии ибтидои ва кутохмуддати электрохимики ба вучуд меояд, ки он дар хучайрахои асаб дигаргуних
  Всего: 1

Фильтр по автору
Скачать тему

В Форум

Новые вверху
На главную
0 / 76

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru